эй бар кафати теғи ҷафо аз қатли мо парво макун
Бигузаштаем аз хӯни хеши андеша аз фардо макун
Осӯда дар маҳди лаҳад хобидаанд ин мурдагон
Бигзорашон дар хоби хуши он лаълро гуё макун
На ҷон на сар , на дайн , на дил монад аз барои ошиқон
Раҳмӣ кун ва як бӯсаро дигари баҳо боло макун
Афсурдаи дилҳои фиғони ҷуз аз дили ман брмхиз
Фарсӯда ӣ ғами синаҳо ҷузи сина ӣ ман ҷо макун
Резанд агар дар доманати нақди ду кун ва дар иваз
Хоҳанд колои ғамаш зинҳор кин савдо макун
эй чашмтар мардум маро хонанд эмоми кишварӣ
Аз ишқи ман касро хабар набӯд маро расво макун
Моли ятему ришваро бахшедам эй қозӣ ба ту
Ман мондам ва як ҷуръа май бо ман дар он ғавғо макун
Дарёӣ ишқасту ҷафо дар он « сафойӣ » нохудо
Киштӣ барон , андешае аз мавҷи ин дарё макун