Муждае дили хаймаи берун аз ҷаҳон хоҳам задан

Хайма бар болои ҳафтум осмон хоҳам задан

Боргаҳи болотар аз кун ва макон хоҳам кашид

Панҷ навбат бар фароз ломакон хоҳам задан

Ошён дар шохсори қудс ӯ хоҳам кашид

Қудсёнро ҳам сафир аз ошён хоҳам задан

Дасти ҳиммат бар рухи кун ва макон хоҳам фишонд

Пои ғайрат бар сари ҷон ва ҷаҳон хоҳам задан

Меҳр аз ин номҳрбонони сурба сар хоҳам бурид

Даст бар домони ёр меҳрбон хоҳам задан

Печу тоби турраи таррорро хоҳам гушӯд

Даст бар он гесуӣ ънбрФшон хоҳам задан

Осмонро пушт сар хоҳам фиканду бӯса ҳо

Остонашро ба рағм осмон хоҳам задан

Дар гулистони висолаши ҳамчу гул хоҳам шкФт

Дастаҳои гул ба сар зон гулистон хоҳам задан

Бар сари ёрон « сафойӣ » шӯрҳо хоҳам фиканд

Меҳри хомӯшии пас онгаҳ бар забон хоҳам задан