Собиқ бар ин мазкӯр шуд ки ҳар сифати фазилатӣ васатаст ва ду тарафи ифроту тафрити он мӯҳлик ва мазмумаст пас сифати тавозуъи ҳад васатасту тарафи ифроти он сифат кибрасту тарафи тафрити он зиллат ва пастӣаст пас ҳамчунон ки кибр мазмумаст , ҳамчунин хору залил кардан худ низ мазмум ва мӯҳликаст , зеро ки аз барои муъмин ҷоиз нест ки худро залил ва паст кунад пас агар олимии матоъ , кФшдўзӣ бар ӯ ворид шавад он олам аз ҷой худ бархезад ва ӯро дар макон худ бинишонаду дарсу таълимро ба ҷиҳати ҳурмат ӯ тарк кунад ва чун бархезад то дар хона дар ақаб ӯ бадвад , худро залил ва хор кардааст , ва аз тариқаи мустақӣма таҷовуз намӯдаасту тариқаи Маҳмӯдау адолат , онаст ки ба тариқӣ ки мазкӯр шуд тавозуъ кунад аз барои амсолу ақрони худу касоне ки мартабаи эшон наздик ба ӯст ва аммо тавозуъи олам аз барои бозорӣ , онаст ки бо ӯ биншинаду нек сухан гуяд ва ба тариқи меҳрбонӣ бо ӯ такаллум кунаду даъват ӯро иҷобат кунад ва дар қазои ҳоҷат ӯ саъй кунад ва худро беҳтар аз ӯ надонад , ба ҷиҳати хати хотимау амсоли инҳо .
Ва махфӣ намонад ки ончӣ мазкӯр шуд аз мадҳи тавозуъу фурӯтанӣ , нисбат ба касонеаст ки мутакаббир набошанд аммо касе ки мутакаббир бошад , беҳтар онаст ки тавозуъ ӯро накунанд , зеро ки фурӯтанӣу зиллат аз барои касе ки мутакаббир бошад мӯҷиби пастӣу зиллат худасту боиси гумроҳии он мутакаббир ,у зёдтии такаббур ӯ мешавад ва басо бошад ки агар мардуми тавозуъ ӯро накунанд ва бар ӯ такаббур кунанд мутанаббеҳ шаваду такаббурро тарк кунад .
Ва аз ин ҷиҳатаст ки ҳазрати расӯли слии аллоҳи алайҳу ?ала ва силам фармуд ки « ҳаргоҳи мутавозеъин уммат маро бибинед , аз барои эшон тавозуъ кунеду ҳаргоҳи мутакаббиринро бибинед бар эшон такаббур кунед , ба дурустӣ ки ин боиси мазаллату ҳақорат эшон мешавад » .