Ва ончӣ дар дунё ҳаст бар се қисмаст : аввал онкӣ наметавонад шуд аз барои худо бошад балки албата дар сӯрату ҳақиқат аз дунёаст , чун анвоъи маосӣу муҳаррамот ,у аснофи тнъм ба мубоҳот , ва ин днёӣӣаст ки алии алотлоқ мазмумаст .
Дувуми онкии сӯрат аз дунёаст аммо ҳақиқати он ҳам метавонад аз барои дунё бошад ва ҳам метавонад аз барои худо бошад , чун : аклу шурбу никоҳу амсоли инҳо .
Сеюм онкии сӯрати он аз барои худост , аммо метавонад шуд ки ҳақиқати он ҳам аз барои худо бошад ва ҳам аз барои дунё мисли илму амалу тоъату ибодат , ки сӯрати инҳо аз дунё нест аммо магари онҳоро аз барои худо баҷо оварад ва таҳсил кунад аз дунё нахоҳад буд аммо агар ғараз аз он ҷоҳу мансаб ва шӯҳрат бошад аз дунёӣ малъуна хоҳад буд .