Тайифаи чаҳорум : воъзоннду аҳли ғуруру ғифлати эшон низ бисёраст баъзе аз инҳо аз аҳволи нафасу сифоти он , ва аз хавфу раҷоу таваккулу ризоу сабру шукру ғайра сухан мегуяд , ва чунон май пиндорад ки бо гуфтани инҳоу хондани халқ бо инҳо , худ низ муттасиф ба онҳо мегардад ,у ҳоли онкӣ дар он сифот аз пояи аднои омии тараққӣ нанамудааст .

Бар ҳамаи дарс таваккул ме кунад

Дар ҳаво ӯ пашшаро раг ме занад

Ва чунон гумон мекунад ки ғараз ӯ аз ваъз , ислоҳ мардумаст , на амри дигару ҳоли онкӣ агар воъизӣ дигар ёфт шавад ки аз барои ислоҳи халқ беҳтар бошад ,у мардуми рӯ ба ӯ оваранд , ин бечора аз ғуссау ҳасади наздик ба мурдан мерасад ва агар яке мадҳу санои он воъизи дигарро кунад , ин бо он мадҳкунанда душман мегардад .

Ва гуруҳеи дигари худро машғӯли қиссаи хуонеу наққолии сохта ,у шатаҳу томотӣ чанд пардохта , ва дар калимот , саҷъу қофия ба ҳам андохта , саъй дар таҳсили қиссаҳои ғарибау аҳодӣси аҷиба май намоянд ва толиб онанд ки мустамеъон , садоҳо ба гиря баланд кунанд ,у сиҳаҳ ҳо бикашанд , ва бар сару сӯрат худ бизананд ва аз шунидани калимот ӯ ҳаракоти шўқиаҳи намоянд ва аз анвоъи ин умӯр лиззат мебаранд ва басо бошад ки аҳодӣси козиба ҷаъл кунанду қиссаҳои дурӯғ бар ҳам бофанд аз барои риққати авому шавқу майли эшон ва шаккӣ нест ки амсоли ин ашхос , шаётин инсанд ва худ гумроҳанду мардумонро низ гумроҳ мекунанду сазовори ваъз ва иршод нест , магар касе ки қасд ӯ биҷузи ҳидоят мардум набошаду тамаъ ӯ аз халқи болклиаҳи мунқатиъ шуда бошаду мадҳу зм дар назар ӯ яксон бошад на аз мазаммати эшон музоиқа дошта бошад баъд аз онкӣ дар назд худо мамдуҳ бошад ва на ба мадҳи эшон шод шавад , ва агар чаҳ ҳоли худро назд худо надонаду чунончии воъизии дигар пайдо шавад ки дар иршоди мардуму ҳидояти эшон муайяну мададкор ӯ бошад , ниҳояти фараҳу сарвар аз барои ӯ ҳосил гардад ва бо назари ҳақорату пастӣ ба ҳеҷ як аз бандагон худо нанигарад балки эҳтимол диҳад ки ҳар кас аз ӯ беҳтар бошад , зеро ба ватан ҳар касу хотимаи умӯр , худо донотараст .