Сифати бисту шашум : фаромӯшии аъмоли худ ,у ғифлат аз муҳосибаи онҳост ва ин сабаби куллӣ ҳалокати аксари мардумону хусрон эшонаст , зеро тоҷир агар ҳар чанде як дафъа ба ҳисоб худ нарасаду дахлу харҷро мувозина нанамояду суду зиёни худро муқобила накунаду муҳосибаи коркунону шуракои худро наҷуед , дар андак вақте ҳамаи сармоя ӯ барбод мераваду тҳдист ва бечора мемонад .
Пас ҳамчунин одамӣ агар ҳар чанде як мартаба ба муҳосибаи аъмоли аъзоу ҷавориҳи худ напардозаду тоъоту ҳасаноти худро мувозина накунаду суду зиёни умри худро ки сармоя ӯст мулоҳиза нанамояд оқибати амр ӯ ба ӯ ҳалокат мунҷар мешавад .