Ва аз барои ҳар шахсеи ду пои офариди мураккаб аз рону соқу қадам , ва ҳар як ба шаклии хосу таркибии махсӯс , то ба ҳар ҷо ки хоҳад ҳаракат кунад ва агар андакии тағйир дар таркиб ё шакл ё вазъи яке аз инҳо ба ҳам расад амри ҳаракат мухтал мегардад ва онҳоро сутуни бадану мураккаби тан қарор доду танро бар онҳо савор карду ҳамаи ин аҷоибу ғароибро ки андакӣ аз бисёр ,у ъушрӣ аз аъшори аҷоиби бадан инсонаст аз қатрае нутфа халқ кард дар зулмати раҳм ва агар парда дар пеш наме буду назар бар он меафтод медидӣ ки нуқӯшу хутуту русум дар аъзоъ дар паии якдигар бар он зоҳир мешаванд ва на наққошии зоҳир ва на қаламӣ пайдост Фсбҳонаҳи субҳонаи ҷли шаъна .
Буд нақши дил ҳар ҳӯшмандӣ
Ки бошад нақшҳоро Нақшбандӣ