Сабр аз осори ҷисм зоҳир аст

Дидаҳои зоҳири онро нозир аст

Шукру шавқу шодӣу майлу нишот

Ҳаст онҳоро ба ботини иртибот

Сабри кори даст ва пойасту забон

Шукри шуғли хотиру ҷони ҷинон

Сабр дар орому аъзоӣ ту аст

Гарчи бошад дар дил аз ғами сад шикаст

Дил вале манзилгаҳи шавқ ва ризост

Аз ризои ҷонро шукуфтан иқтизост

Зин сабаб гуфт он забеҳи бовафо

Гар худо хоҳад тҷднии собро

Лек ҷои шавқу ваҷди андар дил аст

Донад онкўи ин дили онро манзил аст