Дар баҳор аз фоқаи ранг заъфарон бошад маро
Перҳан бар дӯш аз барг хазон бошад маро
Чун дуот хушк аз чашми қалам афтода ам
Аз туҳидастии даҳон безабон бошад маро
Сабза ӣӣ хуррам нагашт ангушти хорӣ тар нашуд
Дар чамани ҷӯҳо пар аз об равон бошад маро
Дар таҳи гирд касодӣ шуд матоъами поймол
Рӯзгорӣ шуд хиҷолат аз дукон бошад маро
Перам аммо оҳи ман аз ҳафт гардун бугзарад
Новаки алмоси пайкон дар камон бошад маро
Гарчи ман мӯрам ба чашм кам мубин эй муддаӣ
Аз пари парвози таркиш бар миён бошад маро
Пай ба манзил май барам ҳар чанд давр афтода ам
Шамъҳо равшани зи гирд корвон бошад маро
Баҳр рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут
Хона ҳамчун дори боз аз ресмон бошад маро
намекунам назораи неъматҳо ва ҳасрат ме хӯрам
Тангдастами рӯзеи давр аз даҳон бошад маро
Гаштаам аз фоқа ҳамчун тир бе пари гӯшаи гир
Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро
Чун фалак аз меҳру ма бар суфра дорам нони қоқ
Рӯзу шаби шармандагӣ аз миҳмон бошад маро
Бедимоғам май кашам аз буии гули ошуфтагӣ
Дар чаман чун беди маҷнӯн саргарон бошад маро
Ҳар ки андозад назар барнома ам гардад хамӯш
Хома аз майл ва дуот аз серума дон бошад маро
Нест оромии маро дар хона ҳамчун Асия
Рӯзу шаби шармандагӣ аз об ва нон бошад маро
Соя по наниҳода як раҳ бар сари болини ман
Офтоби заррапарвар меҳрбон бошад маро
Сидои бодому наргис дар ба рӯем во кунанд
Гӯшаи чашмӣ агар аз боғбон бошад маро