зи рӯйиш хонаам лабрез буд аз моҳтоби имшаб

Ба гирд кулбаам чун ҳола май гашти офтоби имшаб

Арақ аз рӯй шарм олуд ӯ май рехт чун шабнам

Димоғи базми равшан буд аз буии гулоби имшаб

Ба дасти хотири худ доштами домони дили ҷамъӣ

Парешон буд аз зулфи ҳавосами печу тоби имшаб

Намак дар дидаам май рехти лабҳои сухангӯяш

Чу мижгон мепарид аз чашми ман рагҳои хоби имшаб

Чу шамъ аз сӯзи дил май сӯхтам бунёд ҳастӣ ро

Карам фармуд ва зад бар оташи сӯзонами оби имшаб

Ба чашм ҳуш мекардам тамошои ёри нави хат ро

Назар пӯшида медидам хат рӯй китоби имшаб

Ба гирди қоматаш чун сидо гардӣда ме гуфтам

Чароғи базмро парвона шуд мурғи кабоби имшаб