Паии сайди аФгнӣ берун шуд аз базми шароби имшаб

зи шохи шуъла дар парвоз шуд мурғи кабоби имшаб

Ману маъшӯқ дар як перҳан будем аз мастӣ

Гирёни каттонро бахя мезад моҳтоби имшаб

зи хоби хеш то субҳи қиёмати барнамеи хезам

Ниҳодами сар ба болин ва туро дидам ба хоби имшаб

зи чашм чун нигаҳ берун шудӣ гуфтӣ ки боз оем

Магар аз ҷониби мағриби баромади офтоби имшаб

Ба гулшан омадӣу ҷилваро додӣ сарафрозӣ

Чу бод субҳ додӣ сарвро по дар рикоби имшаб

Нишастам то саҳар монанди шамъ аз ваъдаи хомат

Ба гирди чашми ман май гашти нолаи чангу рубоби имшаб

Ҳадиси абрувони дилкашат такрор ме кардам

Ба рӯй сафҳаи болини чӯбяти интихоби имшаб

Ба дунёи фитнаҳо пайдо шавад аз ғифлати шоҳон

Ту маст афтодӣ ва шуд анҷуман беобу тоби имшаб

Ба маҷлис омадӣу шамъро чун сидои киштӣ

Кашидӣ бодау парвонаро кардӣ кабоби имшаб