Бар гулӯем теғи хӯни афшон чу об кавсар аст

Доғи савдо бар сари ман офтоб маҳшар аст

Тобиши хуршеду ма аз партав рухсор ӯст

Ҷабҳаи нӯронии ойина аз равшангар аст

Нест хубонро ба ҷузи оғӯши ошиқи ҷои амн

Сарви қамариро чу тифлӣ дар канор модар аст

Охир аз ҳангомаи айём май бояд гузашт

Шамъро доим аз ин андешаи оташ бар сар аст

Паҳлавии худ вақфи хуршед қиёмат ме кунад

Ҳар киро имрӯз ҳамчун шабнам аз гул бистар аст

Кавкаби осоиш ман нест дар ҳафт осмон

Сарнавишт худ надонам дар кадомин дафтар аст

Бе рухи он сабзи хатгар ҷониби бустони рӯм

Сабзау гули паши чашмами оташ ва хокистар аст

Дил чаро бандад касе бар ҳастӣ худ сидо

Шамъи мо озодагон дар раҳгузор сарсар аст