Дили маро бо доғи он ноошно печида аст

Тифли бдхўии ман оташ дар қабо печида аст

Мӯри хати занҷир то дар пой зулф афганда аст

Дӯди савдо бар димоғи аждаҳо печида аст

Ишқ агар хоҳӣ бирав даст аз ҳаёт худ бишӯй

Мавҷи ин дарё ба гирдоби фано печида аст

То қабои ғунчаро савдои зулфаш пора кард

Хор дар пероҳани боди сабо печида аст

Ман кӣм то соя иқболаш уфтад бар серум

Нома ам умрӣаст бар боли ҳумо печида аст

Накҳати пероҳани Юсуфи зи рашки зулф ӯ

Хешро дар пардаи шарму ҳаё печида аст

Дар чаман то аз хиромаши мисраиро хонда ам

Сару боли қамарёнро дар ҳбо печида аст

Сидои ин он ғазал бошад ки манъам гуфта аст

Чини пешонӣ чу нақши бӯрё печида аст