Хол ӯ дар банди он зулф чу шаст афтода аст

Муждаи бод эй дил ки дузди ман ба даст афтода аст

Бар сараши хуршед ҳамчун зарра меояд ба рақс

Ҳар ки дарин кӯй ҳамчун хоки паст афтода аст

Аз дар майхона то он шӯхи чашми ман гузашт

Соғар аз худ рафтаасту шишаи маст афтода аст

Аз таҳи дили сӯхта бар ҳоли ман ҳамчун кабоб

Дида ҳар кас ки бо он май параст афтода аст

Хасм чун аз хонаи хезад сидо бошад бало

Зулф ӯро бингар аз хати сад шикаст афтода аст