Ҳамраҳи ағёри он гули сар ба саҳро кард ва рафт

Оташи доғи маро чун лола боло кард ва рафт

Муддатӣ чун сарв будам пои басти як замин

Тунд бодӣ омад аз иксўӣ биҷо кард ва рафт

намекашад сӯии замини ҳинди бахт тира ам

Хокмолми бас ки чун нақши каф по кард ва рафт

Дар ғам ӯ барқ бар ман гӯша чашмӣ намӯд

Оташӣ дар хирмани гулҳои раъно кард ва рафт

Дар ғам ӯ манзилӣ бошад хароб аз сайли ашк

Хонаи моро ҳубоб рӯй дарё кард ва рафт

Саъии хубон гар набошад бештар аз ошиқон

Юсуф аз канъон чаро қасд Зулайхо кард ва рафт

Сидо охир шавад чун хати гиребони гир ӯ

Ин ҷафоҳое ки он гул дар ҳақ мо кард ва рафт