Шабӣ ки аз дилами оҳи шарар фиғон бархест

Спндўор ба таъзимаш осмон бархест

Замона парда нишин кард субҳи маҳшар ро

зи хоби чошт чу он фитна ҷаҳон бархест

Ба гули зи хонаи худ андалеби маҳмили баст

зи ғунчаҳои чаман чун ҷарас фиғон бархест

Кадоми лолаи рухи оҳанг бӯстон кардаст

Ки гул хазон шуду булбули з ошён бархест

Камони абрӯӣ ӯро ки бӯдааст устод

Ба ҳар дилӣ ки хадангаш нишаст ҷон бархест

Шабӣ ки қофиларо шуднигор ман раҳбар

Замин чу гирд ба дунболи корвон бар хост

Мурувватӣ ки ба ҳам буд аҳли олам ро

Кашида теғ ба якбор аз миён бархест

Шунид хасм ба ҳар ҷои каломи рангинам

Басони ғунчаи гули меҳр аз даҳон бархест

Нишин ба суҳбати перону тозаи рӯ бар хез

Ки офтоби зи базми фалак ҷавон бархест

зи ҳамнишинии ту сидои шкФт чу гул

Ба хона ӣӣ ки ту бошӣ наметавон бархест