Омад баҳору шуъла ба сангӣ намонда аст

Дар ҳеҷ сина ӣӣ дил танагӣ намонда аст

Аз микшон ба гӯш садое наме расад

Базми рубобу нола чангӣ намонда аст

Ному нишони зи нолаи перу ҷавони мҷўӣ

Таъсир дар камон ва хадангӣ намонда аст

Миноӣ хусраваст пар аз бодаи висол

эй бесутун ба дасти ту сангӣ намонда аст

Доим чу офтоб ба худ теғ май кашам

Моро ба дайгарии сар ҷангӣ намонда аст

Киштӣ Фгндаҳанд ба дарёи ҳубобҳо

Дар баҳри рӯзгор наҳангӣ намонда аст

Гулҳои навбаҳору ҷавонӣ хазон шуданд

Дар боғ ва ҳар бӯе ва рангӣ намонда аст

Саҳроу шаҳри хона рӯбоҳ гашта аст

Дар кӯҳу бешаи шер ва палангӣ намонда аст

Бар пои шикастагони назарӣ кас наме кунад

Дар ҳеҷ шаҳри кӯрӣ ва лангӣ намонда аст

эй сидои зи аҳли ҷаҳон дар замони мо

Номӯсу номи рафта ва нанагӣ намонда аст