Лашкари хати охир аз малики ту рӯ хоҳад гирифт
Зулфи мишкӣн аз шикасти хеш бӯ хоҳад гирифт
Ҳаргизи он ойинаи рӯ иксў намекардӣ назар
Чун чаҳор ойинаи ҷо дар чорсў хоҳад гирифт
Сӯрати худ нақш бар девор хоҳад сохтан
Зулфи худ бар даст ҳамчун калак мӯ хоҳад гирифт
Пора хоҳад шуд гиребонаши з даст андоз хат
Сӯзан аз мижгони худ баҳр руфӯ хоҳад гирифт
Дар назар ҳаргиз намеоварад чашмаши серума ро
Аз ғубори хати нафаси андар гулӯ хоҳад гирифт
Бо даҳон хушк хоҳад монад охир чун қадаҳ
Дасти ҳасрати зери сар ҳамчун сабу хоҳад гирифт
Дар чаман чун сабзаи бегона по хоҳад ниҳод
Ашки резони ҷои худ бартараф ҷӯ хоҳад гирифт
Гарчи дорад сидои имрӯзи ёр аз ман канор
Дар канорами охири он бдхўӣ ху хоҳад гирифт