Лашкари хати ҷо чу гирди он даҳон хоҳад гирифт
Аз диёри ҳасан ӯ аввал забон хоҳад гирифт
Сади роҳи лашкари хат теғ натавон шудан
Фитна ӯ домани охир замон хоҳад гирифт
Сад хиёбони сарвро қадаш ба хок афганда буд
Интиқоми хеш акнӯн боғбон хоҳад гирифт
Нарми нарми охир дар оғӯшами даройади ҳамчуи тир
То ба кӣ пари зӯри худро чун камон хоҳад гирифт
Кашкашон хоҳанд бурдандаш ба дори интиқом
Аз гиребонаши хату зулф аз миён хоҳад гирифт
Хати мишкӣни гирд рӯйиш дидам ва ҳайрон шудам
Халқ мегуфтанд моҳ осмон хоҳад гирифт
Онкӣ дар ҳар базм бошад ҷой ӯ болои чашм
Рафтаи рафтаи ҷои худ бар остон хоҳад гирифт
Пер ҳам гаштаст бо ман мекунад гарданкашӣ
То дами маҳшари магари худро ҷавон хоҳад гирифт
Сидои он кас ки бо ӯ май намояди дӯстӣ
Хешро то мавсими хат меҳрбон хоҳад гирифт