Аз назар то абрӯӣ ӯ рафт дайнам рафта аст

Саҷдаи миҳроб аз ёди ҷабинам рафта аст

Панҷа ам шуд суда то домонаш оварадам ба чанг

Дар суроғи дастам акнӯн остинам рафта аст

Бас ки олам гашта моломол аз зулму ситам

Марҳамат аз хотири он нозанинам рафта аст

Тешаи барқи ҳаводисро наме байнами асар

Тунди хўӣиҳо зи оҳи оташинам рафта аст

Бас ки набӯд дона ӣӣ дар хирмани аҳли карам

Нохуни кӯшиши зи дасти хӯшаи чинам рафта аст

Гӯшаи гиронро тамаъ аз бас ки дорад бе қарор

Истиқомат аз дил хилват нишинам рафта аст

Нуктаи фаҳмон то забону гӯши худ бар баста анд

Хосият аз хомаи сҳроФринм рафта аст

То ба фикри номаи аъмоли худ афтода ам

Хӯрду хоб аз хотири андӯҳгинам рафта аст

Ҳеҷ касро бас ки аз рӯзи қиёмат ёд нест

наметавонам гуфт сустӣ дар яқинам рафта аст

Як сари мўӣист дар нозуки хаёлони имтиёз

Қӯт аз андешаи борӣки байнам рафта аст

Сидо дар дили марои имрӯзи нақш қалб нест

Рӯзгорӣ шуд ки ин ном аз нигинам рафта аст