Шамъаму пайваста дар рагҳои ҷонам оташ аст
Дар даҳонами мавҷи об ва бар забонам оташ аст
Золимон аз бе касе вайронаамро сӯхтанд
Ҷғдм аз бехону Монии ошёнам оташ аст
Булбулам аммо мақоми дилнишинам гулхан аст
Сабзаам хокистарасту бӯстонам оташ аст
Аз сари кӯй батон рахти сафар то баста ам
Маҳмили ман гирди боду корвонам оташ аст
эй ки бо ман мекунӣ савдо ба худ андеша кун
Дар бисотами дӯди оҳ ва бар дуконам оташ аст
Суҳбати ман бе май ва бе мутриби имшаб дар гирифт
Хона равшан мекунам то миҳмонам оташ аст
Нест дилсӯзӣ ба малики синаи ман ғайри доғ
Сидои имрӯзи ёри меҳрбонам оташ аст