Рафтӣ ва аз рафтанати марҳами зи доғам рафта аст
Рангу бӯ чун шабнам аз гулҳои боғам рафта аст
Ғунчаам чашм аз тамошои чаман пӯшида ам
Бе рахти сайри гулистон аз димоғам рафта аст
Он ки мегӯйанд ӯро дар биёбони гирди бод
Рӯҳ маҷнӯнаст аз баҳри суроғам рафта аст
Беъсокш кӣ равад парвонаи сӯй хона ам
То ту рафтӣ равшаноӣ аз чароғам рафта аст
Соғари ман чун даҳони рӯза доронаст хушк
Оби осоиши зи лабҳои аёғм рафта аст
Ҷустуҷӯро по ба домони ризо печида ам
Муждаи умедворӣ аз суроғам рафта аст
Сунбули зулфи ту то кардаст саргардони маро
Орзӯии равғани гул аз димоғам рафта аст
Он парии рӯи сидо то аз чаман ғоиб шудаст
Буии гули девонаи вор аз кӯчаи боғам рафта аст