Аз рафиқи раҳнамои табъи гадо осӯда аст
Бар кафи дасти тамаъи кинони Асо осӯда аст
Хоксоронро буд бе эътибории эътибор
Аз шикасти хеши ранги бӯрё осӯда аст
Гармии дӯзах чаҳ хоҳад кард бо оташи нафас
Аз ҳуҷуми шуълаи коми аждаҳо осӯда аст
Бо сбкрўҳонгар он ҷонон надоранд илтифот
Барги коҳ аз ҷазбаи оҳани рибо осӯда аст
Рӯзеи соҳиб таваккул мерасад аз осмон
Аз тараддуди санги зери Асия осӯда аст
Аз ҳалоки саракашон парво набошад тоҷ ро
Аз шикасти устихони табъи ҳумо осӯда аст
Иллати носувар аз марҳам надорад баҳра ӣӣ
Аз алоҷи чашми кӯрони тўтё осӯда аст
Хоби осоиш буд дар дидаи дуздони ҳаром
Паҳлавии шбрўи зи фикри муттако осӯда аст
Асия аз дона анҷӣр месозад ҳазар
Хотири девона аз арзу само осӯда аст
Устихони хушк беташвиш кӣ ояд ба даст
Аз пай рӯзӣ магӯ табъи ҳумо осӯда аст
Сидои марди ҳунарманд аз тараддуд фориғ аст
Даст агар дар кор машғӯласт по осӯда аст