Дар гулистон бе ту ашк аз чашм булбул ме чакад
Ранг ва бӯ мегардаду об аз рух гул ме чакад
Мурғи дилро куштае имрӯз пинҳон карда Эй
Хӯни ин сайд аз дами теғ тағофул ме чакад
Зулфи мартӯб ки имшаб дода обат эй насим
Шабнами ошуфтагӣ аз шох сунбул ме чакад
Аз тараддуд по кашӣдан ҳаҷи Акбар кардан аст
Оби замзам аз лаби ҷом таваккул ме чакад
Аз даҳони хома ҳар шаби сидои оби сиёҳ
То саҳар дар ҳасрати он зулф ва кокул ме чакад