Бар серуми рӯзӣ ки аз зулфи ту савдо гул кунад

Ҳалқаи занҷирро дар пои ман сунбул кунад

Меҳрбонӣ мекунад ҳар кас шикастам ме диҳад

Бар сари ман по гузорад ҷой чун кокул кунад

Дар ҷавор бузургон ёбанд хӯрдон тарбият

Беди маҷнӯн дар гулистони соя бар сунбул кунад

Шарти маъшӯқии дили ошиқ ба даст овардан аст

Синаро гули во барои хотир булбул кунад

Даст ӯ аз шона май созами ҷудо бо зӯри оҳ

Баъд аз ин машшотагар бозӣ ба он кокул кунад

Сидои маъшӯқи ман аз бас ки олӣ машраб аст

Меҳрбонии бештар бо ошиқ бепул кунад