Чу теғ дар камари он рашк офтоб кунад
Дилам чу зарра тапад хӯнам изтироб кунад
Рухи ту ойинаро дидаи пар об кунад
Қадат ба ҷилваи заминро дар изтироб кунад
Чаро ба куштани ушшоқи саъй май созӣ
Надидаем касе малики худ хароб кунад
Ситамгари ту ки чашмати дили ман аз мастӣ
Ҳалок созаду овезад ва кабоб кунад
Биҳиштро талабаш дар назар наме орад
Касе ки бо ту шабии сайр моҳтоб кунад
Шикаст дар сафи дилҳои саракашон уфтад
Гуҳӣ ки ғамзаи ту пой дар рикоб кунад
Ба лавҳи синаи худ нақши бастами абрӯят
Касе ки байт накӯ ёфт интихоб кунад
Ҳароратӣ ба худ эй сидо наме байнам
Мурувватии магари имрӯз офтоб кунад