Шамъҳо ҷумла ба фонӯси ватан сохта анд

Баҳри парвонаи худ гӯру кафан сохта анд

Андалебони дили сад пораи худ ғунчаи сифат

Ҷамъ оварда ба якҷоу чаман сохта анд

Лолаҳо даст ба домони ту овехта анд

Перҳан бар танат аз барги саман сохта анд

Аз ту ҳар ҷо ки рӯй буи чаман ме ояд

Чашмат аз наргис ва аз ғунчаи даҳан сохта анд

Аз маломат накунад асли тамаъи андеша

Дили ин тайифаро рўӣинаҳи тан сохта анд

Рӯзгорами ҳамаи умр ба сахтӣ гузарад

Устихонро чу ҳумои рӯзеи ман сохта анд

Сидо рӯй ба равшани гуҳарон бояд кард

Тӯтӣони ойинаро ёри сухан сохта анд