Чашми шӯхаш дар гулистон омад ва ханҷар кашид

Наргис аз барги гули сӯсани сипар бар сар кашид

Боғбон фармуд гулшанро ба истиқбол ӯ

Гул ба эсори қудумаш дар тибқҳо зар кашид

Сабза бар сар дошт бо хаташ кунад гарданкашӣ

Ҷабраили сунбул зулфаш расед ва бар кашид

Қоматаш дар хона фонӯс бошад ҷилва гар

Бар сар бозор омад шамъ ва худро бар кашид

То саҳар меомад аз маҳтоби ман буии кабоб

Он бути шабгарди ман имшаби куҷо соғар кашид

Сафҳаи рухсор ӯро кард хати зеру зибр

Сабзаи бегонаи охири зини гулистон сар кашид

Сидои акси рақиб ойинаамро зад ба санг

Интиқоми хеши ин зангии з равшангар кашид