Рӯзӣ ки ёри масти бурун аз чаман шавад

Булбул ғариб гардаду гул беватан шавад

Гар дар чамани ҳадиси лабаш дар миёни нуҳум

Гул гуяд он қадр ки саропо даҳан шавад

Бар дасти хеши кӯҳкани охир ҳалок шуд

Ин шуд сазоаш ҳар ки гирифтор зан шавад

Парвона ӣӣ ки дар дили фонӯс раҳ наёфт

Дар рӯзгори марги мурда ӯ бекафан шавад

Тӯтии зи акси ойинаи мости нуктаи дон

Ҳар кас ба мо нишаст зи аҳл сухан шавад

Ин шамъи коғазӣ ки қалам тоза рехтаст

Равшангари чароғи ҳазор анҷуман шавад

Мо аз касе ба шаҳри худ эҳсос надида ем

Ҳамчун фасона бар даҳани мард ва зан шавад

эй сидои зи бахт сиёҳам диҳад нишон

Рӯзӣ ки зулфи ёри шикан дар шикан шавад