Ширинии лаби ту ба шукр надода анд

Ин чошнӣ ба чашма кавсар надода анд

Доранд бар хироми қадати чашми қамарён

Ин ҷилваро ба сарв ва санавбар надода анд

Бар ваъдаи висоли худ эй гул вафо намой

Моро ҳаёт то дам маҳшар надода анд

Абрӯии ту ба бесару поён насиб нест

Ин муттако ба ҳеҷ қаландар надода анд

Ғофили дамии зи шабнам ва гул нест офтоб

Як зарраи меҳр бо ту ситамгар надода анд

Рафтӣу бози чашм ба роҳат ниҳода ам

Давлат ба кас агар чаҳ мукаррар надода анд

Ин шамъҳо ки аз рух ҳам даргирифта анд

Парвонаи муроди маро пар надода анд

Дар базми глрхони чаман чун кунем ҷой

Моро чу ғунчаи кӣсаи пар зар надода анд

Танҳо кунанд ъушрати айёми аҳли ҷоҳ

Аз хам гирифтаанд ва ба соғар надода анд

Доранд дар гиреҳи зари худ ғунчаҳои гул

Ҳосил ки дасти во ба тавонгар надода анд

Онҳо ки кардаанд ба дили қатъи роҳ ро

Пайғоми хешро ба кабӯтар надода анд

Шоҳон ба гирди малик қаноат нагашта анд

Оби ҳаётро ба Сикандар надода анд

Сӯзаду гудозу нола дар оғоз ошиқӣаст

Ҷои сапандро ба самандар надода анд

Таҳи чўбкорён ба мақомӣ наме расанд

Миъроҷи дил ба воъиз минбар надода анд

Ҷузи фикри шеъри беша мо нест сидо

Моро ба даҳри мансаб дигар надода анд