Чаман аз рангу бӯ чун шуд тиҳии булбул фано гардад
Сароеро ки ҷӯад аз вай равад мотам саро гардад
Ба эҳсон ме тавон тасхир кардани хасми бади ху ро
Саги бегона чун бинад мурувват ошно гардад
Пар парвона гардад боли анқои худ намое ро
Ниҳоли шуъла аз гарданкашии маҳв ҳаво гардад
Туҳидастӣ ба аҳли иззат охир оварад хорӣ
Чу не шукр шавад аз мағзи холӣ бӯрё гардад
Шавад ҳирси зи давлати мондаи афзӯн дар аламдорӣ
Чу беморӣ ки сиҳҳат ёфт соҳиб иштиҳо гардад
Агар деворро имрӯз бо худ муттако созӣ
Дар таъзим чун миҳроб бар рӯй ту во гардад
Ҷабин чун гул агар сайқали диҳӣ аз чини нокомӣ
Ба ҳар манзил кунӣ ороми боғ длгшо гардад
Чароғами равған гул мекунад сайлоби кулуфт ро
Намак дар чашми доғам ҳар ки резад тўтё гардад
Сабки бунёдам ва аз соя бар худ пштбон дорам
Гули тасвирро девори коғаз муттако гардад
Пари тират агар бар устихонам соя андозад
Шавад сабзу Асои шҳпри бол ҳумо гардад
Фалак аз баҳри рӯзии он қадр саргашта ам дорад
Агар бар сари нуҳуми дастори санг Асия гардад
Набошад сидо бар остони нолаи маҳрӯмӣ
Ба ин дар ҳар ки оради илтиҷои ҳоҷат раво гардад