Соқии маҷлиси мо он бут бебок нашуд
То ба хӯн рӯй нишастем дилаш пок нашуд
Хат баровард ва ба гирди дил ушшоқ нагашт
Тифли мо пер шуду соҳиб идрок нашуд
Гӯш бар гуфта ман он лаб хомӯш накард
То забон дар даҳанам чун сар мисвок нашуд
Рӯзеи сифлаи зар ва сим нагардад ҳаргиз
Ризқи гирдоб ба ғайр аз хас ва хошок нашуд
Ҳоҷат хеш мабар пеши баланди иқболон
Гиреҳи ҳеҷ касе бози з афлок нашуд
Дил магӯ онкӣ чу гули синаи худ пора накард
Башикан он даст ки зу перҳанӣ чок нашуд
намешавад номи ҳунарманди пас аз марги илм
Донаи сар сабз нашуд то ба таҳ хок нашуд
Дар чунин фасл ки мегул кунад аз нашутур хор
Панҷаам силсилаи ҷунбони раг ток нашуд
Сидои ин ғазали соиби ширин сухан аст
Соф бо мо дили он шуъла бебок нашуд