Чашм ӯ хӯни дили ошиқ дамодам ме хӯрд
Посбони каъбаи об аз чоҳ замзам ме хӯрд
Зулфи он болои баланд аз ҷӯш дилҳо шуд ду то
Шох чун бисёр бор овар шавад хам ме хӯрд
Аз рафиқони ҷаҳони ёрии тамаъ кардан хатост
Дар чунин вақте ки одами хӯн одам ме хӯрд
Ғунчаро савдои зари сар дар гиребон карда аст
Ҳар ки дорад фикри дунёи рӯзу шаб ғам ме хӯрд
Ғайрро ҳамсуҳбати маъшӯқ дидан мушкил аст
Боғбонгар даст ёбад хӯн шабнам ме хӯрд
То қиёмат нест исоро ҷудои зи офтоб
Суҳбати дирошноёни дайр бар ҳам ме хӯрд
эй табиб аз доғи мо дасти навозиш давр кун
Захми мо носувари табъони хӯн марҳам ме хӯрд
Сидо аз баҳри дунёи саъй ҳо доранд халқ
Марди зираки бодаи пари зӯрро кам ме хӯрд