Дил чу аз пой фитад даст дуо ме гардад
Роҳрав пер шавад роҳнамо ме гардад
Ростиро набӯд ҳеҷ заволӣ ба ҷаҳон
Сарв агар хушк шавад боз Асо ме гардад
Ошноӣ ба ҷавонон натавон кард ба зӯр
Тири зи оғӯши камони зуд ҷудо ме гардад
Фитна чун гирд ба дунбол муҳайё дорад
Корвонӣ ки ба овоз даро ме гардад
Андалеби ту магари азм гулистон дорад
Буии гул ҳар тарафи оғӯш гшо ме гардад
Раҳм бар булбули худ зуд кун эй тозаи баҳор
Рўзгорист ки бебарг ва наво ме гардад
Ҷом дар визаҳи з хуршед гирифтаст ба каф
Осмон дар талаби рӯзе мо ме гардад
Дар таманнои ту эй Хизри биёбони талаб
Сари ҷудои пои ҷудои даст ҷудо ме гардад
Хабар аз ёр сафар карда ӣӣ мо ҳеҷ нагуфт
Офтоби ин ҳамаи беҳуда чаро ме гардад
Сидои каъбаи дили равза маъюсӣ нест
Ҳоҷати халқ аз ин хона раво ме гардад