эй баҳоратро гули худруи гиребони пора ҳо
Хори девори гулистонати сафи назора ҳо
Гарми рафторони зи олам рахт ҳастӣ барда анд
Барқи гирд корвон шуд аз ватани овора ҳо
Нисбати ушшоқ чун Юсуф хато бошад зи ҷурм
Ҳамчуи гул чокаст домони гиребони пора ҳо
Коми дил аз мардуми дунё гирифтан мушкил аст
Тар намегардад лабӣ аз оби ин фаввора ҳо
Рӯй гулзори туро набӯд ба шабнами эҳтиёҷ
Об ҳасрат мечакад аз дидаи сайёра ҳо
Қатраҳои ашк аз хушкӣ ба мижгон шуд гиреҳ
намемаканд ангушти худ Тифлони ин гаҳвора ҳо
Бар сари кӯии ту моу сидо афтода ем
Дасти мо гир аз карам эй чораи бечора ҳо