Чанд рӯзӣ дар муҳаббати дард мебояд кашид

Зрдрўӣиҳо зи ранги зард мебояд кашид

Нолаҳои гармро аз бас ки таъсирӣ намонад

Баъд аз ин аз синаи оҳи сард мебояд кашид

Булҳавасро сар ба теғи имтиҳон бояд бурид

Интиқом аз душмани номард мебояд кашид

Пеш аз он соъат ки хокиро диҳад даврон ба бод

Аз банноӣ ҳастӣ худ гирд мебояд кашид

Барги коҳӣ аз кафи номарди бор олам аст

Кӯҳ агар миннат шавад аз мард мебояд кашид

Сидои имрӯз аз болои баландони чаман

Домани он сарви яктои гирд мебояд кашид