Фалак аз нолаи шабҳои ман бетоб ме гардад

Замин аз беқарориҳои ман симоб ме гардад

Агар шайх аз таҳи дил дар рукӯъ ҳақ шавад қоим

Қад хам гашта ӯ ҳалқа миҳроб ме гардад

Ба зери осмон аз тангдастии хона ӣӣ дорам

Ки аз чашмам чакад як қатраи хӯн гирдоб ме гардад

Дили шайхӣ ки дар ҳангоми тоъати сӯй дар бошад

Ба охир рӯй ӯ чун қибла миҳроб ме гардад

Расад то меҳри тобони шабнам аз шаби зиндаи дорӣ ҳо

Иҷобати гирди чашми дида бехоб ме гардад

Нагардад сифла аз аҳли мурувват гар шавад қорун

Ба гирдоб ончӣ меуфтад ҳамон гирдоб ме гардад

Ту аз май чеҳра гулгун мекунӣ ман май рӯм аз худ

Ту оташ мекунӣ равшани дили ман об ме гардад

Ба даври зулфи холи рӯйиш аз ҷои баради дилҳо ро

Ҳазар созед аз дуздӣ ки дар маҳтоб ме гардад

Рахши шамъи кадомин хона равшан кардааст имшаб

Ки чун парвона бар атрофи чашмам хоб ме гардад

зи кӯяш ҳар ки ояд сидои бахшами дилу дайн ро

Насими кулбаи озодаро сайлоб ме гардад