Бе ту имшаби соғар ва паймонаам дар ҷанг буд

Май ба ком шишаам чун дар фалохани санг буд

Бар чароғ хонаам ҳар дам нафас мешуд гиреҳ

Вақт ҳамчун ғунчаи гул бар чароғами танг буд

Соғари айшам ба оби каҳрабо май шаст рӯй

Барги гулзори нишотам бо хазони икрнг буд

Пардаи гӯши ман аз қонӯн гаронӣ ме кашид

Нола мутриб надонам дар кадоми оҳанг буд

Аз нигоҳам то саҳар чун ашк оташ ме парид

Ҳамчуи шабнами хоби осоиш ба чашмами танг буд

Чини кулуфтро наме барад аз ҷабинами мавҷ май

Дасти равшангари рух ойинаамро занг буд

Сидо акнӯн шукуфтан аз баҳорам рафта аст

Боғбони гулшанами зин беш обу ранг буд