Чу берун аз чамани он сарви якто гирд ме ояд

Ба домани гире ӯ буии гул чун гирд ме ояд

Чу дуздон карда худро шамъ дар фонӯси зиндонӣ

Магар дар базми риндони он ма шабгард ме ояд

Ба эҳсон дод ҳотами душмани худро сарафрозӣ

Ба хасми худ муруввати сохтан аз мард ме ояд

Кадомин ғунча дар гулзор месозад масеҳоӣ

Ки аз гулҳои боғи имрӯзи буи дард ме ояд

Нигаҳ аз гӯшаи чашмон ӯ мастона май хезад

Барои пурсиши дилҳои ғам пурвирд ме ояд

Хазон оварда дар саҳни чамани пайғоми навмидӣ

Насим аз бӯстони берун ба оҳ сард ме ояд

Бикаш пой аз тамаъ эй сидо бо каҳрабо бингар

Ки дар пеши пари коҳӣ ба ранг зард ме ояд