Бе гуфтугӯии ризқ муҳайё наме шавад

Ин қуфл бе забони талаб во наме шавад

Кӣ меравад зи паҳлавии манъами гуруснаи чашм

Гирдоби давр аз лаб дарё наме шавад

Рангинӣ қабо накунад перро ҷавон

Барги хазони баҳор тамошо наме шавад

Беморро ғизоӣ мувофиқ кунад накӯ

Бе тарбияти заъиф тавоно наме шавад

Халқи хуш ва ниҷобат зотаст муҳтарам

Ҳанзал ба рангу бӯи гул раъно наме шавад

Афтодааст номи сахо аз забони халқ

Ин хаймаи ъмрҳост ки барпо наме шавад

Гирдоб чун садаф нашавад соҳиби гуҳар

Ҳорс ба саъии молик дунё наме шавад

Нодон ба гуфтугӯ нашавад соҳиби сухан

Ҷғд аз ҳазор ойина гуё наме шавад

Занҷир қуфл нест ба девори сади роҳ

Мавҷи ҳубоби монеъ дарё наме шавад

Эҳроми каъбаро ба тасаввур макун тамом

Ин роҳи қатъ бемадад по наме шавад

Аз баданҳоу чашми никуии тамаъи мадор

Кӯри зи модари омада бино наме шавад

Маъшӯқро муҳаббат ошиқ диҳад ривоҷ

Юсуф чаро ба ком Зулайхо наме шавад

То ғунчаи даҳонаш пар аз зар наме кунам

Аз ҳеҷ боби роҳи сухан во наме шавад

Ту барқ бемурувват ва ман кишт бе самар

Охири миёни мо ва ту савдо наме шавад

Рухсори худ дареғи мадор аз нигоҳи мо

Аз боғи мива кам ба тамошо наме шавад

Дилгир нест синаам аз оҳи сидо

Маҷнӯни ғубори хотир саҳро наме шавад