Дили қамарии сарви қади раънои Муҳамад

Сар дар ҳаваси нақши кафи пои Муҳамад

Печидаи ду гесуии камандаши зи ду ҷониб

Чун сунбултар бар рухи зебои Муҳамад

Ҷбрил ки сари хайли ҷамеъ малик омад

Тоҷи сар ӯ кард қадамҳои Муҳамад

Чун нофаи оҳӯ буд имрӯзи Мадина

Лабрези зи буии чамани орои Муҳамад

Хайёти азали дӯхта бо сӯзани тақдир

Пероҳани иқбол ба болои Муҳамад

Чун шохи гулу сарв ба гулзори набувват

Мумтоз буд қомати яктои Муҳамад

Хуршеду мау муштарӣу Зуҳрау Сайид

Ҳастанд шабу рӯз ба савдои Муҳамад