Домани гулистонаш то маро ба чанг омад

Перҳан бар аъзоем ҳамчуи ғунча танг омад

Ҷилва чун тзрўи боғи ҷома чун пари товус

Чеҳра чун гули раъно бо ҳазор ранг омад

Баста бар камари таркиши теғи шуълау оташ

Бар сари ман он саркаш аз барои ҷанг омад

Дар муҳӣти савдояши киштӣ дил афгандам

Шуд ҳубоб ӯ гирдоби мавҷ ӯ наҳанг омад

Хат номусулмонаш дод ақлу дайн бар бод

Баҳри ғорат рӯй лашкар фаранг омад

Бршксти базми ман осмон фалохан шуд

Бар даҳон миноем ҷои пунба санг омад

Гули басар ҳавас кардам хорам аз бадан гул кард

Марҳами орзӯи барадами нохун паланг омад

Сидо шудаи Фарҳод бар ҳалоки худ розӣ

Тешаи бас ки шуд дилгири бесутун ба танг омад