Омад баҳор ва рафтан худро хабари надод

Бо сокинони боғи Нидои сафари надод

Ҳар нахли орзӯ ки нишондем бар замин

Додеми об сабз нагашту самари надод

Шабнам видоъ кард ва ба мо чашм тар гузошт

Моро ба ғайри обилаи зоди сафари надод

Иқболро харидам ва безар фурухтам

Савдои ин кулоҳи марои дарди сари надод

Аз гиряҳои хеш нагаштем комёб

Дарё чаҳ шуд ки қатраи моро гуҳари надод

Чашму дилам параст чу бодоми ин чаман

Даврон чу ғунча гарчи марои мушти зари надод

Днёпрст бехабар аз ҳалқа дар аст

Шукри худо ки даҳри марои гӯши кари надод

Аз бас ки рӯзу шаб ба ғами ризқ ва рӯзем

Файзӣ ба мо тараддуди шому саҳари надод

Аз калаки хеш баҳра надидам чу сидо

Аз завқ талхкомем ин нешикари надод