Соқио бархез аз тоқи тараб мино фитод

Соғар мерафт аз дасту нишот аз по фитод

Боғ аз бешабнамӣ дар аҳд мо гардид хушк

Гули сари худро гирифту лола бар саҳро фитод

Бар умеди донаи худро булбул мо кард асир

Мурғи мо дар доми сайёдон бепарво фитод

Хиргоҳии ҳотами тоӣ ки барпо карда буд

Ҳайф дар айёми ин бидўлтон аз по фитод

намекунад озоди мардонро туҳидастии ғариб

Сарв аз беҳосилӣ дар бӯстон танҳо фитод

Аз либоси сурху зарди орияти гаштами халос

То марои чашми тамошо бар гул раъно фитод

Нони хушки хешро гуфтам китар созам ба об

Он ҳам аз дастам ба коми моҳӣ дарё фитод

Гум нагардад рутбаи шеър аз шикаст бе вуқуф

Айб набӯд серумагар аз чашм нобӣно фитод

Нест осони сидо аз қайди худ берун шудан

Нола чандон кардам ин занҷир то аз по фитод