Навбаҳор омад тамошои гул ва сунбул кунед

Нури чашми худ чу шабнами тараф рӯй гул кунед

Бар дар гулзори гулчинон ҳуҷум оварда анд

Хори девори чаман гул карда фикр мл кунед

Рӯй боғ аз сабзау сунбули мзлФ кушта аст

Вақт он омад фаромӯш аз хат ва кокул кунед

Беди маҷнӯни мӯ парешон карда чун девонагон

Зулфи Лайлиро ба дил чун турра сунбул кунед

Арғавони зористи мижгонҳои ман эй ошиқон

Сӯй ман бинаду сайри кишвар кобул кунед

Нолаи ошиқи насими субҳи боғи длгшост

Дар чаман эй ғунчаҳо дили парастӣ булбул кунед

Қомати перон буд сади раҳи мавҷи хатар

Хоби осоиш ба зери сояи ин пул кунед

То нагардад боғбононро хабар эй сидо

Сайри боғи орзӯи пинҳон чу буи гул кунед