Нигор ҷомаи фурушами кулоҳ пӯш омад

Кушодаи чоки гиребони қабо ба дӯш омад

Пиёлаи пари з май арғавон чу лола расед

зи доғи синаи ман хӯни дил ба ҷӯш омад

Чу шамъ сар задае моҳи ман куҷо рафтӣ

Садои пои ту имшаби маро ба гӯш омад

зи бас ки шуд зи Рахши боғи длгшои бозор

Фиғони зи халқи баромад ки глФрўш омад

Ба боғ рафтӣ ва гулҳо ба булбулон гуфтанд

Ҳазар кунед ки он шӯхи бода нӯш омад

Назар накарда бпо такяам гузар кардӣ

Биё ки сӯрати девор дар хурӯш омад

Ба шаби равон шудаи имрӯзи сидои шогирд

зи кокули ту нигоҳаши сиёҳ пӯш омад