Магӯ дар анҷумани минои зи дасти чарх дун гиряд
Ба рӯзи мотами ояндаи худ шиша хӯн гиряд
зи марг ошноён нест пурвои бузургон ро
Куҷо бар мотами Фарҳоди кӯҳ бесутун гиряд
Магӯ аз дида абраст боронӣ ки ме ояд
Ба ҳоли хуфтагони хоки чарх нилгун гиряд
Ба навъе мехуранд афсӯс ҳар як зери ин гардун
Ба ҳоли хеши нодон ханда созад зуфунун гиряд
Қафас холӣ шавад аз булбули кӯтаҳи нафаси беҳтар
Кунанд аз хонаи беруни навҳагаррогар забун гиряд
Ба мурдан мекунад наздики манъамро тамаъ кардан
Суроҳе чун ба маҷлис по гузорад сарнигӯн гиряд
Ба ҷӯии шер нисбат медиҳад хусрав аз ин ғофил
Ки ширинаш ба ҳоли кӯҳкан дар бесутун гиряд
Парешон гӯй месозад ба пои занҷири ошиқ ро
Чу гардад даври маҷнӯн аз биёбон ва ҷунун гиряд
Дилӣ ҳар кас ки дорад сидои дардии дарин гулшан
Кашад сар дар гиребони ғунчаи вор ва дар дарун гиряд