Рухи ту равнақи гул дар ниқоб хоҳад кард

Табассуми ту дили ғунча об хоҳад кард

Агар чаҳ зинат рӯй чаман буд сунбул

Насими зулфи ту беоб ва тоб хоҳад кард

Ниҳоли қади туро сарви боғ агар бинад

Ба зери пои ту чун сабза хоб хоҳад кард

Гулӣ ки шабнам ӯ аз рахт назар ёбад

Талоши мартаба офтоб хоҳад кард

Даруни сина чу симоб май тпди дили ман

Барои куштани худ изтироб хоҳад кард

Кунанд аз гули бодоми нози болинаш

Шабӣ ки наргис ӯ майл хоб хоҳад кард

Ҳамеша куштани ушшоқ дар назари дорӣ

Куҷо ба чашми ту ин фитна хоб хоҳад кард

Таъаддӣӣ ки ба мо мекунӣ наме тарсӣ

Ки зулми хонаи золим хароб хоҳад кард

з интизорем он шӯх агар хабар ёбад

Бағали кушода ба сӯем шитоб хоҳад кард

Кунад насими хабардори ғунчаи хспон ро

Шабӣ ки сайри гул моҳтоб хоҳад кард

Муроди худ зи фалак ҳар ки сидо ҷӯяд

Алоҷи ташнаи гишро сароб хоҳад кард