Шаб чу он шамъи зи кошона бурун ме ояд
Нола аз мурдаи парвона бурун ме ояд
Рашк агар хотири машшота парешон накунад
Зулф кӣ аз бағали шона бурун ме ояд
Агар он сангдил аз кӯча мисатон гузарад
Шиша аз базм чу девона бурун ме ояд
Имшаб эй моҳи куҷои сохтае бодаи кашӣ
Нигаҳ аз чашми ту мастона бурун ме ояд
Хона ӣиро ки ҷамоли ту чироғон созад
Шамъ аз турбати парвона бурун ме ояд
Ҳалқаи зулфи туро дида дилам рафт зи ҷо
Дузд дар ним шаб аз хона бурун ме ояд
Шаб ба базмӣ ки қадати анҷуман оро гардад
Шамъ аз хотири парвона бурун ме ояд
Дидаам пеши ту ман мурдаи худро имшаб
Шамъ чун кушта шуд аз хона бурун ме ояд
Ту хати ман чаманиро ки чироғон созад
Сабзааш чун пари парвона бурун ме ояд
Сидои пери харобот ба истиқболам
Шиша бар дасти зи майхона бурун ме ояд