Ҷинат лаболабаст зи номи чаҳор ёр
Ризвон буд ғуломи ғуломи чаҳор ёр
Онҳо ки пай ба каъбаи мақсӯд барда анд
Овардаанд рӯ ба мақоми чаҳор ёр
То рӯзи ҳашари минбару миҳроб ҷо баҷост
Аз бас ки муҳкамаст низоми чаҳор ёр
Онҳо ки тай кунанд ҷаҳонро ба як қадам
Оянд рӯзу шаб ба саломи чаҳор ёр
Дар гӯши сокинон дар равзаи биҳишт
Чун ҳалқа зараст каломи чаҳор ёр
Аз баҳри поибўсишони сар ниҳода анд
Бар ҳар замини расидаи паёми чаҳор ёр
эй сидои зи чашма кавсар диҳанд об
Аз ҳар забон ки сар зада номи чаҳор ёр